Ба фаъолияти муассиса халал ворид нашуд

Январь 6, 2012 17:11

Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ аз ҷониби Ӯзбекистон, ки муддати ду рӯз ҷараён гирифт, ба фаъолияти Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» халал ворид нагардид. Алҳол 186 нақлиёти муассисаи мазкур, ки тавассути гази табиӣ ҳаракат менамоянд, дар асоси реҷаи корӣ дар хатсайрҳои гуногун ба мусофирон хизмат мерасонанд. Аз 186 адад воситаи нақлиёт 75 тоашро автобус ва 111 ададашро микроавтобус ташкил медиҳад, мегӯяд Абдуҳомид Шералиев, директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон». Мавсуф афзуд, ки реҷаи кори нақлиёти мусофиркашонӣ дар муассисаи мазкур аз соати 5. 30-дақиқаи субҳ то 23.30 дақиқаи шаб ба роҳ монда шудааст.

Январь 6, 2012 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд