Ба маблағи беш аз 29 млн.сомонӣ хизматрасонии коммуналӣ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2011 аз тарафи хоҷагии манзилию коммуналӣ (ХМК)-и ҷумҳурӣ ба истеъмолкунандагон ба маблағи 71 млн.993,7 ҳазор сомонӣ хизмати коммуналӣ расонида шуд. Фоидаи аз хизмати коммуналӣ ба даст овардаи корхонаҳои соҳа дар соли 2011 беш аз 5 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил дод,- иброз дошт директори кулли Корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ Алимурод Тағоймуродов дар нишасти матбуотие, ки 11 – уми январи соли 2012 дар толори хурди корхонаи мазкур бо иштироки хабарнигорони ватанӣ доир шуд. Директори кулли ХМК Алимурод Тағоймуродов ёдовар шуд, ки қисме аз ин корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои давлатии фаръии ХМК, ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб, корхонаҳои давлатии фаръии ХМК –и ноҳияҳои Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳрҳои Табошар, Исфара, Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Ғончии вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷиргатол, Ҳисор, Рӯдакии тобеи марказ, Мурғоб, Дарвоз ва Рӯшони ВМКБ соли 2011- ро хуб ҷамъбаст намуданд. — Дар соли 2011 корхонаҳои коммуналӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро ба маблағи 18 млн. 275 ҳазор сомонӣ, таъмири фонди асосии манзилро ба маблағи 889 ҳазор сомонӣ иҷро намуданд,- иброз намуд А.Тағоймуродов дар рафти кори конфронс ба хабарнигорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






