Ба як қатор Кодексҳо тағйирот ворид карда мешавад
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» 16 январ дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳоро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима намуданд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм ба Маҷлиси намояндагон ва қисми дигараш барои баровардани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳод гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






