Бар асари таркиш дар Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари таркише, ки 9 январ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав рух дод, се нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР, ҳоло шаҳрвандони ҶТ дар Маркази бемориҳои сӯхтаи шаҳри Маскав бистарӣ шудаанд. Инҳо Умаралиева Мамлакат, Саъдуллоев Раҷабалӣ ва Ҷамилов Маҳмадиқбол мебошанд. Мувофиқи суханони мусоҳиб, намояндаи маркази муҳоҷират бо табибон дар тамос буда ва тайёр аст, ки ба шаҳрвандони осебдидаамон ёрии зарурӣ расонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






