Баргузории панҷ экспедитсияи байналмилалии олимон
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, дар соли 2011 панҷ экспедитсияи муштараки байналмилалии олимони Маркази захираҳои генетикӣ аз ФР, Фаронса, Австралия, Зеландияи Нав, Нидерландия ва Норвегия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор шуд. Мақсад аз ташкили чунин экспедитсия, ҷамъоварии тухмии зироати кишоварзии маҳаллӣ ва ҳамавлодии ёбоии онҳо буд, ки дар давоми як сол панҷ маротиба сурат гирифт. Дар давоми баргузории экспедитсияҳо 353 тухмии навъу намунаҳои гандуму ҷав ба захирагоҳ ворид шуд. Ба захирагоҳи умумиҷаҳонии Қутби Шимоли Норвегия, воқеъ дар Свалдборд – НортГен барои садсолаҳо нигоҳдорӣ тухмии ҷаву гандум ва ҳамавлодии онҳо аз Тоҷикистон фиристода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






