Барномаи нави ислоҳоти судӣ
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва корхонаю муассисаҳо бо фармони Президенти кишвар «Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ барои солҳои 2011- 2013» тасдиқ гардид, ки он як сол боз фаъолият дорад.Бино ба гуфти раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, барои такмил додани фаъолияти судҳо вобаста ба махсусгардонии баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва оилавӣ, ки аз талаботи банди 8 –и барномаи мазкур бармеояд, дар ҳайати судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва оилавӣ таъсис ёфт. Бо назардошти шумораи парвандаҳои зикргардида дар судҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва дигар судҳои бисёрҳайата баррасии ин парвандаҳо ба зиммаи судҳои алоҳида вогузор шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






