Барномаи нави шабакаи телевизиони «Бадахшон»
Хоруғ, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Раёсати тандурустии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ тасмим гирифт, ки бо маблағи худ дар телевизиони вилоятӣ барномаи «Шифо» — ро роҳандозӣ кунад. Тавре аз раёсати тандурустии вилоят иттилоъ доданд, рӯи кор овардани ин нақша яке аз василаҳои тавзеҳотӣ барои мардум ва хусусан барои сокинони навоҳӣ мебошад. Ҳанӯз нафарони зиёде ҳастанд, ки ин ё он бемориро осон пиндошта, дунболи табобаташ нашуда ва фақат баъди мушкил гардидани муолиҷаи он ба духтур муроҷиат мекунанд. Ҳангоми пахши барномаи нав коршиносони варзидаи соҳаи тибб аз боби ташхису сари вақт табобат кардани бемориҳо сухан ронда ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






