Баррасии 118 ҳазору 981 парванда дар як сол
Душанбе, 9 январ. АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти соли 2011 баргузор гардид. Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2011 ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот пешниҳод намуд. Ба гуфти Зафар Азизов, дар соли сипаригардида аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 118 ҳазору 981 адад парвандаи ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба давраи соли 2010 22 ҳазор адад зиёд мебошад. Раиси Шӯрои адлия фаъолияти судҳои ҷумҳуриро дар соли 2011 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима ва дигар зарарҳои ба давлат расонидашуда баҳо дода иброз дошт, ки маблағи умумии рӯёнидашуда 89 млн. 719 ҳазору 709 сомонӣ, 147 ҳазору 796 доллари ИМА ва 15 ҳазору 133 рубли русиро ташкил дод, ки ҳамаи он ба буҷаи давлат ворид гардид. Аз ҷониби роҳбарияти Шӯрои адлия дар давоми соли 2011 583 нафар ва аз тарафи раисони судҳои ҷумҳурӣ 3963 нафар шаҳрванд вобаста ба арзу шикоятҳо қабул ва масъалаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ҳал гардиданд. Муҳимаш он аст, ки дар соли 2011 ягон нафар судя бо ҷинояти коррупсионӣ дастгир ва аз вазифа сабукдӯш нашудааст. Шояд сад фоиз зиёд намудани маоши кормандони мақомоти судӣ дар соли ҷорӣ боиси ба ришваситонӣ даст назадани онҳо шуда бошад. Ба ҳар навъ, дар соли 2011 судяҳои шаҳру навоҳии кишвар шаъну шараф ва покии виҷдонашонро миёни дигар мақомот нишон дода тавонистанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






