Баррасии масоили муҳоҷирон дар Душанбе
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- 4-уми январи соли 2012 сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев бо муовини сардори Хадамоти федералии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Дмитрий Никифоров дар шаҳри Душанбе мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳадафи асосии мулоқот муҳокимаи масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин ба танзим даровардани вазъи иқомати муҳоҷирон дар шаҳри Санкт- Петербург мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфти А. Қодирӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва оилаҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






