Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2011
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Федератсияи футболи мамлакат охири соли куҳан беҳтарин футболбозону мураббиёнро дар мавсими соли 2011 эълон кард. Хуршед Маҳмудов нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода беҳтарин бозингари сол дониста шуд. Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон беҳтарин дарвозабони сол, Маъруф Рустамов, узви дастаи «Равшан»-и Кӯлоб- беҳтарин ҳимоятгар, Хуршед Маҳмудов-беҳтарин нимҳимоятгар ва Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе беҳтарин ҳамлагар эътироф шуданд. Юсуф Рабиев инчунин бо 32 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот, Маъруф Рустамов беҳтарин мураббии сол, Раҳмон Муртазоев- беҳтарин довар ва Одил Каримов аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе- беҳтарин мураббии бачагона эътироф гардиданд. Байни бонувон Мадина Фозилова, узви дастаи «Ласточка»-и Душанбе беҳтарин бонуи бозингар эълон ва миёни бозингарони футзал Шерзод Ҷумъаев, узви дастаи «Вавилон»-и Душанбе беҳтарин бозингар ва Дамир Камолиддинов беҳтарин мураббӣ дар соли 2011-ум дониста шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






