Бехатарии парвози тайёраҳо нигоҳ дошта шуд
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори кулли «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Махсудов, дар давоми соли 2011 тавассути кордонӣ ва фаҳмиши баланди мутахассисони хадамоту сохторҳои Корхонаи воҳиди давлати (КВД)-и «Тоҷикаэронавигатсия» дар хатҳои парвози тайёраҳои Тоҷикистон ягон садама ба қайд гирифта нашудааст. «Тоҷикаэронавигатсия» ба 28 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ба 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷи дур, 19 ширкати ҳавопаймоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 3 ширкати ватанӣ — «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» хизмат мерасонад. Дар соли 2011 «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон як қатор тадбирҳо андешид, аз ҷумла таълими фаннии ҳайати шахсӣ, тайёрии касбии тренажёрӣ, хизматрасонии фаннии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, тамдиди мӯҳлати шаҳодатномаҳои коршоямӣ ва иҷозати ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радионурафкан ва дигар тадбирҳои баланд бардоштани касбиятро анҷом додааст. Соли сипаришудаи 2011 «Тоҷикаэронавигатсия» бо филиали сибирии Донишгоҳи аэронавигатсияи шаҳри Красноярск дар асоси шартнома курсҳои нахустини такмили ихтисосро бо тарзи таълими фосилавӣ ба роҳ монд, ки он аз ҷониби мутахассисон ва роҳбарияти КВД –и «Тоҷикаэронавигатсия» баҳои баланд гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






