Беш аз 100 ҳазор нафар нафақахӯр бо корт таъмин шуданд
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Холвар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои идораи кортҳои бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Амонатбонк» аз 29 –уми декабри соли 2011 даври сеюми Барномаи гузариши «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» оғоз шуд. Имрӯз нафақаи ҳамаи нафақагирони шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Табошар, Истаравшан ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ба ин шакли наву замонавӣ пардохт мегардад.Ёдовармешавем, ки то ин вақт нафақаи 59 ҳазор нафар нафақагири шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон тавассути кортҳои бонкӣ пардохт мешуд.Дар даври сеюм шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ ба 168 ҳазор нафар расонида мешавад. Дар айни замон шумораи умумии нафақагири бо кортҳои бонкӣ таъминшуда зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ба онҳо тавассути 164 банкоматҳои насбгардида хизмат расонида мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






