Беш аз 2 миллиард сомонӣ барои рушди соҳаи иҷтимоӣ

Январь 31, 2012 13:38

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар соли 2011 барои рушди соҳаи иҷтимоӣ 2 миллиарду 284 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сарф шудааст, ки 47,2 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузориҳои асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ хонаҳои истиқоматӣ баробари масоҳати умумии 826,9 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки баробари 85 фоизи нақшаи пешбинишуда аст. Дар ҷумҳурӣ сохтмони биноҳои истиқоматӣ асосан тавассути сохторҳои ғайридавлатӣ сурат гирифта, қисми зиёди онро ҳиссаи аҳолӣ ташкил медиҳад.

Январь 31, 2012 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд