Бохти дастаи мунтахаби ҷавонон дар бозиҳои ИДМ
Душанбе, 23 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар вохӯрии дуввуми худ аз дастаи мунтахаби ҷавонони Беларус бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуд. Дар дақиқаҳои 35 ва 85-уми вохӯрӣ бозингари тими Беларус Теплов бо ду голи задааш ба дастаи худ ғалаба овард. Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Эрон ҳам ба комёбӣ ноил шуда, тими мунтахаби Литваро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод. Алҳол дастаи Эрон ва Беларус бо 4 имтиёзӣ пешсафанд. Бозиҳо дар гурӯҳи «С» бо дидори дастаҳои Эрон бо Тоҷикистон ва Беларус бо Литва имрӯз ба анҷом мерасанд. Дар гурӯҳи «А» Русия бар Эстония бо ҳисоби 1 бар 0 ва Қазоқистон бар Туркманистон бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯзӣ ба даст оварданд ва дар ҷамъбаст аз ин гурӯҳ дастаҳои Русия ва Қазоқистон ба даври дигар гузаштанд. Дар гурӯҳи «Б» Украина бар Латвия бо ҳисоби 2 бар 0 ва Молдова бар Қирғизистон бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омаданд. Аз ин гурӯҳ Украина ва Молдова ҳуқуқи идома додани бозиҳоро соҳиб шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






