Боз як корхонаи нав дар ноҳияи Ваҳдат
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вақтҳои наздиктарин дар ноҳияи Ваҳдат корхонаи нави ҷӯробу пайпоқбофӣ кушода мешавад.Мувофиқи суханони манбаъ, ҳоло дар корхона таҷҳизоти зарурии технологӣ васл мегардад. Корхонаи нав дар давоми як сол 400 ҳазор ҷуфт ҷӯробу пайпоқ мебарорад. Барои истеҳсоли маҳсулот калобаи пахтагини истеҳсоли ватанӣ истифода мешавад.Корхона бо истифода аз маблағҳои соҳибкорони тоҷик ва ҳамкасбони туркиягӣ бунёд мегардад. Дар оянда, дар корхона коргоҳи дӯзандагӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ 6 миллион ҷуфт ҷӯробу пайпоқ тавлид мешавад. Дар ҳоли ҳозир эҳтиёҷоти солонаи кишвар ба ин маҳсулот 50 миллион ҷуфтро ташкил дода, ҳамзамон қисми зиёди ҷӯробу пайпоқ ба хориҷа фиристода мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






