Бозиҳо барои ҷоми Испания
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар идомаи рақобатҳои 1/8 ниҳоии ҷоми Испания «Реал»-и Мадрид бар «Малага» бо ҳисоби 3:2 (0:2) ғалабаи ниҳоят душвори худро ба даст овард. Ба голҳои задаи Серхио Санчес (10) ва Демикелис (29), ки меҳмононро бо натиҷаи 2 бар 0 ба сафи пеш баровард, Хедира (68), Игуаин (70) ва Бензема (78) ҷавоб гуфта, ғалабаи дастаашонро бо натиҷаи 3 бар 2 таъмин карданд. Ба гуфти сармураббии даста Жозе Моурино, дастгирии мухлисон дар варзишгоҳ ба ғалабаи даста кӯмаки арзанда расонд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 10-12 январ барпо мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






