Бунёди боғот дар Восеъ
Кӯлоб, 11 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Аҳли заҳмати ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеъ баҳри истифодаи пурсамари заминҳои корам ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонидани шудгори хушсифат кишти тирамоҳии ғалларо анҷом доданд. Майдони умумии кишти зироати ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷамоати мазкур 8 ҳазору 192 гектар аст. Кишоварзон дар мавсими имсола дар майдони 1 ҳазору 768 гектар гандум, дар 78 – гектар картошка ва дар 36 гектар пиёз коридаанд.Кишоварзони ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеъ имрӯзҳо дар талоши онанд, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии минтақа ниҳолҳои мевадиҳандаро дастрас намуда, то оғози моҳи март дар масоҳати 10 гектар боғ бунёд намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






