Бунёди бозори замонавӣ дар Зарафшон

Январь 31, 2012 16:14

Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди /ҶДММ/ «Строй комплекс» дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт бозори замонавӣ месозад. Дар ин бора Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонд. Тибқи он барои сохтмони бозор дар маҳаллаи Зарафшон 1,5 гектар замин ҷудо карда мешавад. ҶДММ «Строй-Комплекс» баъди дастрас намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозатномаи Бозрасии назорати давлатии меъморию сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба сохтмони бозори муосир шурӯъ менамояд. Тибқи қарор дар мавриди аз ҷониби ҶДММ «Строй-Комплекс» дар давоми се сол шурӯъ накардани сохтмони бозор ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қатъ мегардад.

Январь 31, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд