Бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳру навоҳӣ

Январь 9, 2012 14:08

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарон дар давоми соли ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 563 иншооти гуногуни варзишӣ бунёд гардид,- иттилоъ доданд масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигорони ВАО 9 январ зимни нишасти матбуотӣ. Дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он 78 майдончаи варзишӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ сохта шуд. Инчунин аз 60 толори варзишие, ки сохтмонаш идома дорад, 32- тоаш ба истифода дода шуд. Дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 419 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 майдони варзишии замонавӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ ва 24 толори варзишӣ ба истифода дода шуд Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он 6 ишооти варзишӣ, дар водии Рашт 5 иншооти варзишӣ ва дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Ҳисор толорҳои замонавӣ бунёд шуда, расман фаъолият доранд.Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааҳои варзишӣ бо 2000, 1500 ва 600 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд,- зикр намуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов.

Январь 9, 2012 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд