Бунёди зинабоғҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон

Январь 20, 2012 10:31

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзӣ, бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои нишебиашон аз 5 то 25 дараҷадор ташкил медиҳад, бо усули зинабоғ боғҳои мевадиҳанда бунёд карда мешаванд. Чунин боғҳо аллакай дар масоҳати як гектарӣ дар ноҳияҳои Мӯъминободу Шӯрообод бунёд шудаанд. Дар ин боғҳо барои нигоҳ доштани намии хок аз усули рӯйпӯшкунии хоки байни қаторҳои токзор истифода карда мешавад, ки ба афзудани ҳосили он мусоидат мекунад. Дар ноҳияи Ҷиргатол дар майдони як гектар чунин боғи мевадиҳанда бунёд шудааст.Бо тавсияи олимон бо усули рӯйпӯшкунии хоки байни қаторҳои ангур бо маводи маҳаллӣ, аз ҷумла коҳу алафҳои худрӯй, қаламчаҳои навдаи ток, ки намиро зиёд нигоҳ медоранд, дар ноҳияи Файзобод боғи ангур бунёд шуд. Ҳосилнокии ангури ин гуна боғҳо аз як гектар аз 30ба 100 сентнерӣ расонида шуд, ки ин самараи таҷрибаи нав дар кори олимони тоҷик аст.

Январь 20, 2012 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад