Чемпионати Англия
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар даври 20-уми лигаи асосии Англия дар вохӯрии ҳассос дастаи «Манчестер Сити» тавонист ҳарифи пурқуввати худ «Ливерпул»-ро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст диҳад. Дар вохӯрӣ Агуэро (11), Яя Туре(33) ва Милнер(75, аз пеналти) ба задани гол мушарраф шуданд. Дар дақиқаи 73-ум Бери аз дастаи мизбон аз майдон ронда шуд. «Тотенҳем» ҳам дар майдони худ «Вест Бромович»-ро бо натиҷаи 1-0 мағлуб кард. Ягона тӯбро дар ин бозӣ Даниел Дефо дар дақиқаи 63-ум ба ҳадаф расонд. Дар ин давр «Уиган» дар майдони худ аз меҳмонаш «Сандерленд» бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст хӯрд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






