Чор донишҷӯ соҳиби идрорпулии «Ганҷи умед» гардид

Январь 11, 2012 11:17

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Соли 2011 – ум 4 нафар донишҷӯёни аълохон сазовори идрорпулии ҳармоҳаи соҳавии «Ганҷи умед» гардиданд. Сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2011 дар ин бора сухан ронд.Азим Иброҳим зимни суханрониаш дар ҳузури журналистон ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2011 Сарраёсати геология аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ корҳоро ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ анҷом дод. Ғайр аз ин соли 2011 тамоюли афзоиши инвеститсияҳо дар соҳаи мазкур ба назар мерасид. Масалан, инвеститсияҳои дохилӣ 865 ҳазор сомонӣ ва хориҷӣ 300 миллион сомониро ташкил доданд.Дар давраи ҳисобот дар Шӯрои илмию техники Сарраёсати геология 27 ҳисобот ва 19 лоиҳа перомуни конҳои иктишофшудаи маъдан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Январь 11, 2012 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад