Дар ДМТ мактаби зимистона кушода мешавад

Январь 12, 2012 11:30

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Факултаи забону адабиёти русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷамъияти «Дӯстии Тоҷикистону Русия» аз 23 то 30 январ дар Маркази русии Бунёди «Ҷаҳони рус» — и ДМТ мактаби зимистонаи такмили ихтисоси муаллимони забону адабиёти русро мекушоянд.Ба барномаи маърифатӣ ва нақшаи таълимии мактаби зимистона чунин мавзӯъҳо, аз қабили проблемаҳои мубрами таълими забони русӣ дар факултаҳои ғайрирусӣ, хусусияти таълими адабиёти русӣ ва хориҷӣ, проблемаҳои услуби таълими забону адабиёти русӣ дар синфҳои ғайрирусӣ, хусусияти типологияи муқоисавии забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, проблемаҳои назарияю амалияи тарҷума, дохил карда шудаанд. Аз рӯи натиҷаи омӯзиши барномаи маърифатии мактаб ба шунавандагони онҳо тасдиқномаҳо дар бораи таҷрибаомӯзӣ дода шуда, маводи семинари методӣ дар маҷмӯаи донишгоҳ дарҷ мегардад. Дар ин бора роҳбари Маркази забони русии ДМТ ва мактаби зимистона, декани факултаи забону адабиёти русӣ профессор Меҳринисо Нағзибекова хабар дод.

Январь 12, 2012 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард