Дар Душанбе беш аз 8 кг маводи нашъаовар мусодира шуд
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 8 январ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 8 килограмм маводи нашаъаоварро мусодира намуданд. Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди вокзали пойтахт аз автомобили тамғаи «ВАЗ – 1124» — сокини 27 – солаи ноҳияи Ҳамадонӣ 8 килограмму 36 грамм тарёк пайдо гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






