Дар Хатлон теъдоди намояндагиҳои бонкҳо меафзояд

Январь 19, 2012 10:50

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи намояндагиҳои бонкҳои мухталиф ба 81 адад расидааст.Тавре мудири шӯъбаи Бонки миллии ҶТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шералӣ Зардов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳоло дар вилоят 26 ташкилоти хурди молиявӣ, 114 маркази мубодилаи асъор ва 167 нуқтаи интиқоли маблағ фаъолият доранд. Шералӣ Зардов ҳамчунин гуфт, ки дар шаҳри Сарбанд намояндагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Бонки аввали молиявӣ» ва дар 9 ноҳияи вилояти Хатлон намояндагиҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» кушода шудаанд.

Январь 19, 2012 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд