Дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 10 нафар осеб диданд

Январь 31, 2012 09:34

Душанбе ,31 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар асари садамаи нақлиётӣ 5 нафар ба ҳалокат расиданд ва 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ гаштанд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, 30 январ, соати 14.00 ронандаи мошини тамғаи «Dulon», сокини ноҳияи Истаравшан Ғаниҷон Обидов, соли таваллудаш 1983, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар километри 123, воқеъ дар мавзеи Сафедораки ҳудуди деҳаи Чоре аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи ВАЗ-21099, таҳти идораи ронанда Абдуфаёз Воҳидов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Айнӣ бархўрда, сипас ба мошини тамғаи «Mitsubishi Pajero», таҳти идораи ронанда Довуд Халилов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Панҷакент бархўрдааст, ки дар натиҷа мошини мазкур ба ҷарии 30-35 метр афтода, ба дарёи Фон ғарқ шудааст. Дар натиҷа ронанда Д. Халилов дар дарёи Фон ғарқ шуда, ҷасадаш дарёфт карда нашудааст. Мусофирони дигари ин мошин Шириной Қодирова (сокини ноҳияи Панҷакент), Зайнаб Юсупова (сокини ноҳияи Панҷакент), Ганҷина Амирова (сокини ҳамонҷо), Сайрам Амирова (сокини ҳамонҷо), Нурмуҳаммад Қурбонов (сокини ҳамонҷо) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ гаштаанд. Мусофирони дигар Умарбек Додхоев (сокини ҳамонҷо), Ҷавоҳир Амиров (сокини ҳамонҷо) дар дарёи Фон ғарқ шуда, ҷасади онҳо дарёфт карда нашудааст. Дар ҷойи ҳодиса аз гирифтани ҷароҳатҳои гуногун мусофир Озода Халилова (сокини ноҳияи Панҷакент) ба ҳалокат расидааст. Ҳамзамон аз ҷойи ҳодиса ҷасади зани тахминан 20-30-солаи шахсияташ номаълуми маҳаллӣ дарёфт карда шудааст, ки шахсияташ муайян карда мешавад.

Январь 31, 2012 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!