Дар шимоли кишвар низоми таъмини об барқарор мешавад
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Лоиҳаи барқарорсозии низоми корезу обрасонии шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Шартномаи байни Ҳукумати ҶТ ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар амал татбиқ мешавад. Аз корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, лоиҳаи мазкур чунин шаҳру ноҳияҳоро, аз қабили Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Қайроққум, Конибодом, Исфара ва Хоруғ, фаро мегирад. Маблағи умумии лоиҳа беш аз 22 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳо ҷиҳати асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ширкати «Хифаб» — и Швейтсария даъват шуда буд, ки мутахассисони он аллакай ба татбиқи лоиҳа шурӯъ кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






