Дар Суғд бемории сироятии зардпарвин кам гаштааст
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар соли 2011 дар миқёси вилояти Суғд бемориҳои сироятии хавфноки тезпаҳншаванда ба монанди вабо, тоун, гулӯзиндонак ба қайд гирифта нашудааст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар ин давра ҳамагӣ 36 ҳазору 128 ҳодисаи бемориҳои сироятӣ, ғайр аз бемориҳои сироятии роҳи нафас, зуком, илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 316 ҳодиса зиёд мебошад. Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Конибодом 5 ҳодисаи бемории сироятии сӯхтанӣ қайд шудааст. Бояд гуфт, ки соли сипаришуда 24 ҳодисаи бемории домана, 5 ҳазору 814 ҳодисаи бемории сироятии зардпарвин ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли гузашта 645 ҳодиса кам мебошад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Панҷакент ва Чкалов бемории сироятии зардпарвин зиёд гаштааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






