Дар Тоҷикистон истеҳсоли алюминий коҳиш ёфт
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2011 истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон назар ба соли 2010 баробари 20 фоиз коҳиш ёфт.Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2011 – ум 350 ҳазор тонна алюминий тавлид шуд, ки 80 фоизи ҳаҷми умумии алюминии дар соли 2010 истеҳсолшударо ташкил медиҳад.Ба фикри намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар сабаби коҳиш ёфтани тавлиди алюминий моҳи апрели соли 2011 сард шудани ҳаво мебошад, зеро дар он вақт истеҳсоли қувваи барқ кам гардида ва бар асари ин интиқоли он ба корхонаи алюминии Тоҷикистон коҳиш ёфт.Хотирнишон месозем, ки алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 70 фоизро ташкил медиҳад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






