Дастаи мунтахаби ҷавонон тайёриро оғоз кард
Душанбе, 9 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дастаи футболи мунтахаби ҷавонони кишвар омодагии худро барои бозиҳои Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Норак оғоз кард. Агар солҳои пешин дастаҳои чемпион дар ин мусобиқа ширкат меварзиданд, пас масъулин ба хулоса омаданд, ки беҳтар аст дастаҳои мунтахаби ҷавонон дар он ширкат намоянд. Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 19-ум то 29-уми январ дар толорҳои варзишии шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегузарад, дастаҳои мунтахаби ҷавонони 11 кишвари ҷомеаи маштаракулманофеъ ва инчунин тими мунтахаби ҷавонони Эрон ширкат меварзанд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Литва ва Эрон рақобат хоҳанд кард. Бозии даста рӯзи 20-уми январ бо тими Литва, 21-уми январ бо дастаи Беларус ва 23-юми январ бо тими Эрон сурат мегирад.Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Русия, Қазоқистон, Эстония, Туркманистон ва ба гурӯҳи “B” тимҳои Украина, Молдова, Қирғизистон ва Латвия шомиланд.Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Салоҳиддин Ғафуров ба ҳайси сармураббӣ ба бозиҳо омода мекунад. Футболбозони тоҷик рӯзи 17 январ ба шаҳри Санкт-Петербург сафар хоҳанд кард








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






