ДИТ бо Русия ва Мисру Туркия тасмими ҳамкорӣ дорад

Январь 26, 2012 11:39

Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Донишкадаи исломии Тоҷикистон /ДИТ/ ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа тасмим гирифтааст, ки бо донишгоҳҳои исломии кишварҳои Русия, Туркия ва Мисри Араб ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монад. «Нисбат ба ин масъала лоиҳаи тафоҳумнома омода шудааст»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам Умаралӣ Назарзода. Мавсуф зикр кард, ки чанде қабл ҳайате аз устодони ДИТ аз шаҳри Қазони Тотористон баргаштанд. Онҳо зимни сафарашон аз Донишгоҳи исломии шаҳри Қазон боздид намуда, бо фаъолияти таълимӣ ва коргузорӣ дар ин донишгоҳ ошно гаштанд. Дар оянда бо имзои санадҳои ҳамкорӣ ДИТ имкон дорад бо ин донишгоҳи исломии Русия дар мавриди табодули таҷриба дар самти устодону донишҷӯён ҳамкории мутақобилан судмандро роҳандозӣ намояд, ки он ба манфиати ҳарду ҷониб аст. Алҳол дар ДИТ наздик ба 1800 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки беш аз 800 нафарашон дар бахши буҷавӣ ва 900 нафарашон дар бахши шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Январь 26, 2012 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад