Донишҷӯёни ДДТТ дар Аврупою Осиё дониш меомӯзанд
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Алҳол 30 нафар устодон ва 24 нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи донишҳои марбут ба тахассусашон дар кишварҳои Фаронса, Итолиё, Лаҳистон Португалия, Испания, Белгия, Шветсия, Британияи Кабир, Австрия, Ҳиндустон, Малайзия, Русия, Амрико, Куриёи Ҷанубӣ, Украина, Беларус, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тавре ки Мӯъмин Шарифов, ректори Донишгоҳи мазкур дар нишасти матбуотӣ 20 январ ба намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод, устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши маориф ва барномаҳое, ки аз ҷониби кишварҳои дар боло зикршуда пешниҳод шудаанд, дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ аз се моҳ то 1 сол курсҳои такмили ихтисос ва забономӯзиро хатм менамоянд. Ҳамзамон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад. Дар ин самт якчанд созишномаҳои ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, хусусан бо Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Русия, Донишкадаи технологии Кемерево, Донишгоҳи иқтисод ва савдои Полтава, Донишгоҳи Кэмянги Куриёи Ҷанубӣ, Донишгоҳи байналмилалии Зеландияи Нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии «Ориё» ва «Дурахшон»-и Афғонистон ба имзо расонидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






