Дорандагони беҳтарини ҷоизаҳои соли 2011
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҳар сол роҳбарони васоити ахбори омма аз байни беҳтаринҳо ҷоизони солро интихоб менамоянд. Аз рӯи натиҷаи соли 2011 ҷоизони зерин интихоб шудаанд. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон на фақат ба фикри сармуҳаррирон, балки ба ақидаи сиёсатмадорону олимони Аврупо ҳам, маротибаи ёздаҳум сиёсатмадори беҳтарини сол гардид.Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст сафири фаъолтарини хориҷӣ интихоб гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро сафири ИМА дар ҶТ Кеннет Гросс ва сафири Русия дар ҶТ Юрий Попов ишғол намуданд.Роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бонкири беҳтарини сол гардид. Ҷойи дуюмро роҳбари «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ишғол намуд.Директори генералии ширкатҳои «Вавилон – М» ва «Вавилон – Т» Беҳзод Файзуллоев боз соҳибкори беҳтарини сол гардид.Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати ҶТ Садриддин Шамсуддинов публисисти беҳтарини сол барои силсилаи мақолаҳои публисистӣ дониста шуд. Рамзия Мирзобекова журналисти беҳтарини сол гардид. Ҷонибек Муродов маротибаи дуюм ҳунарпешаи машҳуртарини сол интихоб шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






