Ду кишвари ҳамҷавор робитаҳои парлумониро густариш медиҳанд

Январь 12, 2012 11:25

Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвият ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин дар меҳвари мулоқоти Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон ва Чэн Чжилӣ, муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичиноии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт. А. Миралиев зикр кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Чин дар асоси принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ба роҳ монда шуда, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Мавсуф ба сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвари ҳамҷавор баҳои баланд дод ва афзуд, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Чин гурӯҳҳои дӯстӣ фаъолият доранд. Зикр шуд, ки байни Тоҷикистону Чин беш аз 160 санади меъёрию ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расидаанд, ки Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ – асоси муносибатҳои дуҷониба мебошад. Хонум Чэн Чжилӣ ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро асос ва таҳкурсии равобит дар дигар самтҳо шуморид ва изҳор дошт, ки муносиботи байнипарлумонии Душанбе ва Пекин бояд нисбат ба марҳилаи феълӣ бештар рушд ёбад, зеро фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ байни ду кишвар ба рушди робитаҳои байни парлумонҳо иртиботи қавӣ дорад.  Бояд тазаккур дод, ки ҳайати чиноӣ таҳти роҳбарии Чэн Чжилӣ дар доираи таҷлили 20-умин солгарди истиқрори ҳамкориҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Чин 11 январ ба Душанбе омад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин 4 январи соли 1992 барқарор гашта, Чин сафораташро дар Душанбе 13 марти ҳамон сол ифтитоҳ кард. Сафорати Тоҷикистон дар Чин 7 апрели соли 1997 ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Январь 12, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад