Душанбе дар хориҷа меъмор омода месозад
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида дар бахши меъморию шаҳрсозӣ ба донишкадаҳои меъмории Русия, Украина ва кишварҳои аврупоӣ 8 нафар ҷавонон-хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахтро фиристад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе бо ҳузури роҳбарони сохторҳои шаҳрию раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ин тадбир бо мақсади омода намудани кадрҳои ҷавон аз рӯи ихтисоси меъмор-рангшинос ва меъмори манзарашинос, ки феълан пойтахт ба ин гуна мутахассисон ниёзи бештар дорад, андешида шудааст. Дар робита ба ин муқаррар гардид, ки шаҳрдорӣ омодааст, то роҳкирои донишҷӯёни ояндаро тӯли таҳсил соле як маротиба пардохт намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






