Эҳё ва таъмири 41 нерӯгоҳи хурд

Январь 11, 2012 09:04

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, то 1 –уми январи соли 2012 шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба 177 адад расид, ки иқтидори умумии барқи истеҳсолнамудаи онҳо 13 млн. 741 кВт-ро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ 136 –тояш бо иқтидори 10 млн. 619 кВт нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Айни замон аз 177 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ 41 –тои он бо сабаби корношоямӣ фаъолият надорад. Дар сурати аз нав тармиму таҷдид шудани 41 нерӯгоҳи хурд иловатан 3 млн. 122 кВт нерӯи барқ истеҳсол мешавад.Аз шумораи умумии нерӯгоҳҳои хурд 21 –тои он дар ВМКБ, 55 –тояш дар вилояти Суғд, 13 -то дар вилояти Хатлон ва 88 нерӯгоҳи боқимонда дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт қарор доранд. Ҳоло 4 нерӯгоҳ дар ВМКБ, 2 адад дар вилояти Суғд ва 4 адад дар вилояти Хатлон мӯҳтоҷи таъмиру тармим аст.

Январь 11, 2012 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд