Эҳё ва таъмири 41 нерӯгоҳи хурд
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, то 1 –уми январи соли 2012 шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба 177 адад расид, ки иқтидори умумии барқи истеҳсолнамудаи онҳо 13 млн. 741 кВт-ро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ 136 –тояш бо иқтидори 10 млн. 619 кВт нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Айни замон аз 177 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ 41 –тои он бо сабаби корношоямӣ фаъолият надорад. Дар сурати аз нав тармиму таҷдид шудани 41 нерӯгоҳи хурд иловатан 3 млн. 122 кВт нерӯи барқ истеҳсол мешавад.Аз шумораи умумии нерӯгоҳҳои хурд 21 –тои он дар ВМКБ, 55 –тояш дар вилояти Суғд, 13 -то дар вилояти Хатлон ва 88 нерӯгоҳи боқимонда дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт қарор доранд. Ҳоло 4 нерӯгоҳ дар ВМКБ, 2 адад дар вилояти Суғд ва 4 адад дар вилояти Хатлон мӯҳтоҷи таъмиру тармим аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






