Эмомалӣ Раҳмон Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт

Январь 12, 2012 14:39

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт. Чэн Чжили баъд аз боздид ва музокира бо Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо журналистон изҳор дошт, ки тарафҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши сиёсат, тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи муносибатҳои мутақобили ду кишвар дар арзи 20 соли гузашта баҳои баланд доданд. Чэн Чжили ҳамчунин зикр намуд, ки дар соли 2011 ҳаҷми муомилоти тиҷоратии байни ду кишвар нисбат ба солҳои аввали истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба миқдори 600 баробар афзудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоли ҳозир ба ҷумлаи бахшҳои рушдёбандаи ҳамкориҳои дуҷониба илм, маориф, фарҳанг ва соҳаҳои муҳими дигарро метавон шомил намуд. Ч.Чжили таъкид намуд, ки дар миёни ҳар ду кишвар дар мавриди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ низ тафоҳум ва мувофиқат ба даст омадааст. Мавсуф дар поён иброз дошт, ки тарафҳо дар бораи пайгирона давом додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд манфиатдории хешро баён намуданд.

Январь 12, 2012 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд