Эстония вуруди Тоҷикистонро ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад

Январь 13, 2012 09:55

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон Урмас Паэт зикр намуд, ки дар мулоқот бо сарвари кишвар масоили сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳамкориҳои ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.Ба қавли ӯ сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эстония дар соли 2009 ба рушди муносибатҳои дуҷониба таъсири ҷиддӣ расонид.Урмас Паэт нақши Тоҷикистонро дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон, аз ҷумла дар ҳамкорӣ ҷиҳати ҳамлу нақли борҳои Қувваҳои байналмилалии амнияту ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуд.Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Эстония омода аст бо Тоҷикистон дар соҳаи бонкӣ, масоили ҳифзи марзҳои давлатӣ ва дигар самтҳои муҳим ҳамкорӣ намояд.Тибқи суханони Урмас Паэт миёни ду кишвар самтҳои ояндадори ҳамкориҳое, ки то ҳанӯз татбиқ нашудаанд, вуҷуд доранд. Урмас Паэт ҳамчунин зикр кард, ки Эстония омода аст Тоҷикистонро дар масъалаи ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ намояд.

Январь 13, 2012 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад