Фаъолияти кормандони хоҷагии коммуналӣ

Январь 17, 2012 13:10

Хоруғ, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии коммуналии ВМКБ» дар давоми сол ҳаҷми умумии хизматрасониро дар ҳудуди Бадахшон ба 3 миллиону 358 ҳазору 700 сомонӣ расонид, ки назар ба соли 2010 хеле зиёд аст. Ноҳияҳои Роштқалъа, Дарвоз, Рӯшон, Мурғоб ва Ванҷ нақшаҳои солонаро аз 120 то 150 фоиз иҷро намуданд.Корхонаи хоҷагии коммуналӣ баробари рӯйпӯш кардани ҷӯйборҳо ва қиррезӣ намудани роҳҳои мошингард таъмири роҳҳо ва корҳои дигарро низ анҷом медиҳад. Масалан, соли 2011 дар масофаи 17 ҳазору 763 метри мураббаъ гулзор барпо намуда, 8506 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Ҳамчунин хати обгузари ноҳияи Дарвоз ба масофаи 8 километр бунёд гардид.

Январь 17, 2012 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд