ФФТ футболбозони беҳтарини солро номбар кард
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи футболи Тоҷикистон чун анъана натиҷаи мавсими соли гузашта ва ҷоизони онро муайян намуд. Дарвозабони 35 – солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва клуби варзишии «Истиқлол» — и пойтахт Алишер Тӯйчиев, ки дар мусобиқоти кишвар ба дарвозаи дастаи худ ҳамагӣ 6 тӯбро сар додааст, дарвозабони беҳтарини Тоҷикистон дар мавсими соли 2011 дониста шуд. Унвони муҳофизи беҳтарин насиби мураббии бозингари клуби футболи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб Маъруф Рустамов гардид.Маъруф Рустамов ҳамчунин мукофоти мураббии беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 – ро ба даст овард. Хотирнишон месозем, ки дастаи футболи шаҳри Кӯлоб дар мавсими гузашта бо роҳбарии ӯ медалҳои нуқраи мусобиқотро ба даст овард.Ниммуҳофизи дастаи мунтахаби миллии кишвар ва бозингари клуби «Регар – ТадАЗ» — шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта ниммуҳофизгари беҳтарин дониста шуд. Ҳуҷумкунандаи клуби «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Юсуф Рабиев, ки дар мавсими гузашта ба дарвозаҳои дастаҳои ҳариф 32 тӯб задааст, ҳуҷумкунандаи беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 дониста шуд.
Раҳмон Муртазоев довари беҳтарини Тоҷикистон дар мавсими соли 2011 гардид.Дар байни занон Мадина Фозилова аз клуби футболи «Парасту» — и шаҳри Душанбе футболбози беҳтарини ҷумҳурӣ дониста шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






