Гул Шералӣ дар Маскав
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Нимаи аввали рӯзи 25 январи соли 2012 вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муовини раиси ҶСК «Газпром» В. Голубев ва мутахассисони ҷамъияти мазкур баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо дар доираи Созишнома доир ба принсипҳои умумии гузаронидани таҳқиқоти геологии қаъри замин дар майдонҳои ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10.06.2008 ба имзо расидааст, баррасӣ гардид. Аз ҷумла, вусъат бахшидан ба корҳои сейсмоиктишофӣ дар майдонҳои Шоҳамбарии ғарбӣ, ба итмом расонидани натиҷаи корҳои дар майдони Саргазон баанҷомрасида ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои пармакунӣ дар чоҳи рақами 1-и Сариқамиш, вуруди таҷҳизот, лӯлаҳо ва таҷҳизоти пармакунӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар доираи сафари мазкур вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси ҶСП «Зарубежнефтегаз» В. Гулев баргузор гардид.Нимаи дирӯз вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси ҶСК «Газпром» доир гардид. А. Миллер изҳори итминон намуд, ки мулоқоти имрӯза барои татбиқи масъалаҳое, ки дар рафти вохӯрӣ дар моҳи декабри соли 2010 бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд, мусоидат хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо даъвати раиси ҶСК «Газпром» А. Миллер ба шаҳри Маскав сафар намудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






