Гулнора Ҳасанова бо медали ҷашнӣ сарфароз гашт

Январь 5, 2012 11:29

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории (БДА) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова барои хизматҳои шоиста аз тарафи Котиботи генералии СҲШ, ки дар айни замон Ҷумҳурии Қазоқистон раёсати онро ба зимма дорад, бо медали ифтихорӣ ва ҷашнии «10 солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай» мукофотонида шуд.   БДА ҶТ «Амонатбонк» намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ чанд сол инҷониб ба ӯҳда дорад. Дар тӯли солҳои намояндагии «Амонатбонк» ҳамкориҳо дар доираи созмони мазкур рушд ва вусъати тоза гирифта, як идда корҳои назаррас бо мамолики аъзои ин созмон рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, ҳамкориҳо бо ташкилоти молиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин – Бонки давлатии рушди Чин дар чанд соли охир хуб ва самарабахш мебошад. Маҳз тавассути ҳамкориҳо дар доираи СҲШ имрӯз як зумра лоиҳаҳо барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд. Қисмати муҳим ва назарраси ин лоиҳаҳо тавассути «Амонатбонк» дар кишвар амалӣ мегарданд.

Январь 5, 2012 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад