Гузариш ба хизматрасониҳои муосир — тақозои замон
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гузариш ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами фаъолият, таъмини шаффофият ва соддагардонии коргузориҳо аз мақсадҳои аввалиндараҷаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мебошад. Имрӯз даври сеюми Барномаи гузариш- «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» оғоз гардид, ки нафақагирони шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Табошар, Истаравшан ва Хоруғ ба ин шакли наву замонавии пардохт мегузаранд.Тибқи иттилои идораи кортҳои бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк» кортҳои плостикӣ барои ҳамаи нафақагирони шаҳрҳои мазкур омодаанд ва теъдоди зарурии терминалҳои пардохтӣ насбу таъмин шудаанд.Шумораи нафақагирони дорандаи кортҳои бонкӣ аз 59 ҳазор нафар дар даври сеюм ба 168 ҳазор нафар расид, ки теъдоди умумии нафақагирони бо корт таъминшуда зиёда аз 100 ҳазорро ташкил медиҳад. Шумораи умумии терминалҳои пардохтии насбгашта дар саросари ҷумҳурӣ 164 ададро ташкил дода, 81 адади дигар барои насбу истифода омодааст, ки теъдоди умумии онҳо 245 ададро ташкил медиҳад.Раёсат ва сохторҳои Амонатбонк дар баробари ин барои иттилоърасонӣ ба аҳолӣ ҷиҳати истифодаи кортҳои бонкӣ корҳои зиёдро, аз қабили паҳн намудани буклету овезаҳои иттилоотӣ, пахши роликҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби кормандони бонк ташкили гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






