Хараавч Зуҳуровро ба ватанаш даъват кард

Январь 26, 2012 14:44

Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Моҳи феврали соли равон дар Муғулистон Форуми иқтисодӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои муосири ин кишвар баргузор мегардад. Дар робита ба ин сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон Аюрзан Хараавч зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар рӯзҳои баргузории ин чорабиниҳо ширкат намояд. Зимни баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Муғулистон Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки барои ҳар ду кишвар имконоти зиёди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ ва фарҳанг вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, парлумонҳои ҳарду кишварро лозим аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди чунин ҳамкориҳо иқдом намоянд.Мавсуф иброз дошт, ки заминаи чунин равобит зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон дар соли 2009, ки дар ҷараёни он чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ба вуҷуд омадааст. Дипломати муғул афзуд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Муғулистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва мо умедвор ҳастем, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои мо баъди баргузориии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ба марҳилаи нав ворид хоҳад шуд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, ҷонибҳо ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ибрози назар карданд. Мавриди зикр аст, ки соли равон ба барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Муғулистон 20 сол пур шуд.

Январь 26, 2012 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд