Хоҷагии ҷангал чӣ истеҳсол кард?
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ маблағи 4 млн. 558 ҳазор сомонии онро маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ташкил дод. Ба иттилои манбаъ, дар соли 2011 маҳсулоти растанипарварии хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ нисбат ба соли 2010 ба андозаи 2, 1 баробар, чорводорӣ 15,5 фоиз зиёд шудааст. Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, корхонаҳои хоҷагии ҷангал 634 тонна ғалла, 30 тонна пахта, 1149 тонна картошка, 149 тонна сабзавот, 18 тонна маҳсулоти полезӣ, 177 тонна мева, 13 тонна ангур, 21,5 тонна гӯшт (аз рӯи вазни зинда), 12 тонна шир, 1 тонна пашм ва 2,8 тонна асал истеҳсол намуданд. Дар соли 2011 ҳамчунин дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ 114 сар гов, 6314 сар бузу гӯсфанд, 210 сар парранда ва 440 сар асп ба ҳисоб гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






