Иҷлосияҳои иттилоотӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳошияи лоиҳаи «Муносибати ҳамгироёна ба рушди корхонаҳои хурду миёнаи Осиёи Марказӣ оид ба коркарди чормағз, меваи хушк ва асал» аз 6 то 9 феврал дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзӯи «Савдои сайёри чормағз, меваи хушк ва асал» ду иҷлосияи иттилоотӣ баргузор мешавад.Тавре дар Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин лоиҳа аз ҷониби намояндагии Hilfswerk Austria international — и Австрия дар Тоҷикистон пайваста бо ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи ҶТ ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар амал татбиқ карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






