Ифтитоҳи китобхонаю осорхонаҳо дар навоҳии кишвар

Январь 20, 2012 15:20

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – «Дар соли гузашта аз аҳолӣ 135 адад нигора ба маблағи 38 630 сомонӣ харида шуда, 16 адад нигора ба тариқи тӯҳфа эҳдо гардид. Осорхонаи таърихию кишваршиносии кишвар бо 80 нигораи этнографӣ, 5 мусаввара, 11 адад дастхат, 15 нигораи таърихию бостоншиносӣ мукаммал гардид. Намоишгоҳҳо дар мавзӯъҳои «Нигораҳои замони Рӯдакӣ», «Аз Кӯшониён то Сомониён» ва «Ҷалолиддини Румӣ ва осори безаволи ӯ» доир шуданд»- иттилоъ доданд масъулини Вазорати фарҳанги ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.Хамчунин зикр гардид, ки дар маркази вилояти Хатлон сохтмони биноҳои нави китобхона ва осорхонаи вилоятӣ идома дошта, дар ноҳияҳои Бохтару Ховалинг биноҳои нави қасрҳои фарҳанг, дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бинои китобхона ва осорхона, дар шаҳри Турсунзода бинои китобхона ва осорхона, дар ноҳияи Файзобод бинои нави осорхонаи таърихию кишваршиносӣ ифтитоҳ ёфтанд.

Январь 20, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд