Иштирокдорони олимпиадаи ҷумҳуриявии мактабиён муайян шуданд

Январь 31, 2012 13:39

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Натиҷаи даври сеюми олимпиадаи мактабиёни шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Шумораи иштирокдорони мусобиқа, ки дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 70 сурат гирифт, қариб 1 ҳазору 400 нафар хонандагони мактабҳо ва литсею гимназияҳоро ташкил дод, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 385 кас зиёд аст. Мувофиқи суханони директори «Маркази рушди қобилият» — и шаҳри Душанбе Рустам Сафаров, имсол ба олимпиада баъзе тағйирот ворид намуда, комиссияи махсус таъсис ёфтааст, ки ба он муаллимони таҷрибадори донишкадаҳои олӣ шомиланд.Бо қарори комиссияи мазкур 502 нафар хонандагони мактабу гимназияҳои шаҳри Душанбе ғолиб омада, аз ҷумлаи онҳо 135 нафар хонандагони синфи 11 барои иштирок дар даври чоруми хотимавии олимпиадаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.Ғолибони озмуни шаҳрӣ дар вазъияти ботантана бо медалу дипломҳои Раёсати маъорифи шаҳри Душанбе мукофотонида мешаванд.

Январь 31, 2012 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд