Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – «Қабули консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 июли соли 2010 тасвиб шудааст, яке аз дастовардҳои муҳими соҳа ба шумор меравад. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҳошияи Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ пайваста бо ҳамкорӣ бо Агентии давлатии омор ҷиҳати ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ перомуни вазъи системаҳои таъмини об дар деҳоти ҶТ корҳои заруриро анҷом дод», — гуфт дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2011 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов. Роҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳамчунин зикр намуд, ки дар чаҳорчӯбаи Консепсия ҷиҳати ислоҳоти системаҳои таъмини об ва ба ҳисобгирии техникии хоҷагӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Қобили зикр аст, ки корхонаи таъмини об ва обу корез дар соли 2011 ба мизоҷон ба маблағи беш аз 28 миллион сомонӣ хидмат расонид. Корхонаҳои фаръӣ дар навбати худ ба аҳолӣ ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ хидмат расонидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






